Беш аз 300 расонаи дохилӣ ва хориҷӣ ҷаласаи ҷашнии СҲШ дар Душанберо инъикос карданд


Дар Душанбе ва дар доираи ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай шароити зарурӣ барои кори самараноки намояндагони расонаҳо дар маркази матбуотии қароргоҳи ҳукуматии «Кохи Сомон» фароҳам шуд.
ДУШАНБЕ, 2026-10-22 /НИАТ «Ховар»/. Беш аз 300 расонаи дохилӣ ва хориҷӣ ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро, ки 19 ва 20 октябр дар Душанбе баргузор шуд, инъикос карданд.
Саидҷон Шафизода, муовини сардори раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки барои таъмини инъикоси саривақтӣ ва босифати чорабинӣ дар маркази матбуотии қароргоҳи ҳукуматии «Кохи Сомон» инфрасохтори муосири корӣ, аз ҷумла дастрасии баландсуръат ба Интернет, компютерҳо, принтерҳо ва дигар воситаҳои техникии зарурӣ ташкил карда шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»