Каталоги ашёҳои намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия шуд


Дар доираи намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» дар Осорхонаи тамаддунҳо дар Рим кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон каталоги ашёҳои пешниҳодшударо таҳия карданд.
Тибқи иттилои «Ховар», дар доираи намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир», ки дар Осорхонаи тамаддунҳо (Museo delle Civiltà) дар шаҳри Рим, Италия баргузор мешавад, кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон каталоги ашёҳои ба намоиш гузошташударо таҳия кардаанд.
Каталог бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ нашр шуда, 120 саҳифаро дар бар мегирад. Дар он маълумоти муҳим дар бораи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шудаанд, ҷой дода шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»