ВарзишМанбаи тоҷикӣ
«Истиқлол» дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 пирӯз шуд


20 октябр дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бар «Ал-Арабӣ»-и Кувайт бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.
Дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 қаҳрамони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар гурӯҳи «B» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо тими футболи «Ал-Арабӣ»-и Кувайт бозӣ карда, бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.
Тибқи ин хабар, дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ «Истиқлол» 23 октябр низ дар ҳамин варзишгоҳ бо дастаи футболи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия рақобат мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»