Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Сеул вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Корея масъалаҳои густариши ҳамкорӣ, рушди инфрасохтор ва омӯзиши мутахассисонро баррасӣ намуда, ду санади ҳамкорӣ имзо карданд.
Душанбе, 2026-09-16 / АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории судманд бо Ҷумҳурии Корея дар самти навсозӣ ва рушди устувори соҳаи нақлиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ин нукта дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея Ким Юн Док, ки дар Сеул баргузор шуд, баён гардид.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқот дар доираи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои сатҳи баланд дар Ҷумҳурии Корея доир шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариш ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, инчунин татбиқи ташаббусҳои муштаракро баррасӣ карданд.
Дар доираи мулоқот ду санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан ва омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи нақлиёт, метро, баргузории семинарҳо, омӯзишҳо ва дигар барномаҳои рушди иқтидори кадрӣ мусоидат менамояд. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва таҳкими ҳамкории минбаъда ҷиҳати рушди соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори ҳар ду кишвар изҳор намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»