Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ масъалаи ҳамкориро баррасӣ кард.
23 October 2026, консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Холназар Ғоиб бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба АМИТ «Ховар», консули генералӣ бо инфрасохтори илмӣ-таълимии донишгоҳ шинос шуда, аз осорхонаҳои анатомия ва зоологияи он, ки дорои маводи васеи таълимӣ, методӣ ва таҳқиқотӣ мебошанд, дидан кард.
Ҷонибҳо рушди манфиати мутақобилро барои густариши робитаҳои шарикӣ дар соҳаи таҳсилоти аграрӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»