Дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд

Хулоса ва заминаи хабар
Дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, маъданҳои муҳим ва «сабз», нассоҷӣ, чарму пойафзол ва саноати коркард баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин таъсиси корхонаҳои муштарак, коркарди амиқи ашёи хом, маҳаллисозии истеҳсолот ва татбиқи технологияҳои муосир, рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ, тиҷорати дуҷониба, ҳамкории байниминтақавӣ ва таҳкими робитаҳо дар доираи механизми «Осиёи Марказӣ-Чин» баррасӣ шуд.
