Муносибатҳои расмӣМанбаи тоҷикӣ
Дидори сафири Тоҷикистон бо сафири нави Таиланд
Санаи нашр:
15 September 2026, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, бо Саке Ноупсайсонг, сафири нави Таиланд дар Эрон, мулоқот ва гуфтугӯ кард.
Дар ҷараёни дидор, ду ҷониб оид ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон табодули назар карданд. Ҳамчунин дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Таиланд баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки равобити ду кишвар, ки бар пояи эҳтироми мутақобил, эътимод ва манфиатҳои муштарак устувор аст, дар солҳои оянда дар соҳаҳои гуногун боз ҳам бештар густариш меёбад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»