Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот кард


20 октябри 2026 дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ ба Душанбе омадаанд, мулоқот кард.
20 октябри 2026 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот кард. Ин ҳайатҳо барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ ба Душанбе ташриф овардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро дар Тоҷикистон самимона истиқбол намуд ва ба ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо муваффақият ва кори пурмаҳсул орзу кард. Таъкид шуд, ки равандҳои ҷории ҷаҳон нақши СҲШ-ро ҳамчун майдони гуфтугӯи созанда ва ҳамкории судманд собит месозанд.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон