Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози ВМКБ ташриф оварданд


14 октябри 2026 Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе, ба ноҳияи Дарвози ВМКБ сафари корӣ анҷом доданд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» ва бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз аз хоҷагии моҳипарварии ҶДММ «Тоҷ-Корея» дидан намуданд.
Масоҳати умумии замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиёда аз 3 гектарро ташкил медиҳад. Иқтидори лоиҳавии он дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 тонна гӯшти моҳӣ дар як сол аст. Дар ҳозир дар ҳавзҳои калони хоҷагӣ қариб 100 ҳазор моҳӣ нигоҳдорӣ мешавад; озмоишгоҳ бо таҷҳизот ва технологияи нави истеҳсолии Ҷумҳурии Корея таъмин мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»