Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар шаҳри Брести Беларус ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар он Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкории мақомоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳод, такмили маъмурикунонии гумрукӣ ва густариши ҳамкории байниидоравиро баррасӣ карданд.
Дар хабар гуфта мешавад, ки иштироки Тоҷикистон дар фаъолияти Шуро, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва баргузор шудани вохӯриҳои дуҷониба бо роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои минтақа ба таҳкими ҳамкории байналмилалии гумрукӣ ва рушди робитаҳои касбӣ мусоидат мекунад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»