Дар Хоруғ Қасри фарҳанг, осорхонаи вилоятӣ ва Мактаби санъати шаҳрӣ навсозӣ мешаванд. Раиси ВМКБ аз ин муассисаҳо боздид карда, дастур дод, ки лоиҳаи навсозии Мактаби санъат таҳия шавад.
Душанбе, 2026-10-26 /АМИТ «Ховар»/. Қасри фарҳанг, осорхонаи вилоятӣ ва Мактаби санъати шаҳри Хоруғ навсозӣ мешаванд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси вилоят Шарифхон Сафарзода ба ин муассисаҳо рафта, бо кормандони онҳо суҳбат намуд. Дар ҷараёни суҳбат гуфта шуд, ки Мактаби санъати шаҳри Хоруғ соли 1957 сохта шуда, имрӯзҳо хатмкардаҳои он дар соҳаи санъат дар вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
Масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунии муассиса, шароити таълиму тарбия ва зарурати навсозии бино баррасӣ шуданд. Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки лоиҳаи навсозии Мактаби санъати шаҳри Хоруғро таҳия ва пешниҳод намоянд. Ӯ ҳамчунин бо фаъолияти Қасри фарҳанги шаҳр, Осорхонаи вилоятӣ ва китобхона ба номи устод Рӯдакӣ шинос шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»