Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд


22 октябри 2026 дар Абу Забӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Абдулазиз Муҳаммад Фараҷ Ал Мулла мулоқот кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳо байни Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Арабро тавассути имзои созишномаҳои дуҷониба баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ташкили семинарҳо барои баланд бардоштани зарфияти кадрҳо, табодули таҷриба ва дониш, омодасозии мутахассисон ва мусоидати мутақобила ба раванди рақамисозии низоми маъмурикунонии андоз ва таҳлили маълумот оид ба масъалаҳои андозбандӣ таъкид шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»