Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод


Дар Ашқобод ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ намояндагони идораҳои давлатии Туркманистон, дипломатҳои муқими шаҳр ва дигар меҳмонон иштирок карданд.
Душанбе, 11.09.2026 /НИАТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ашқобод чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ба НИАТ «Ховар» хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони идораҳои давлатии Туркманистон, аз ҷумла муовини раиси Кабинети вазирони Туркманистон Тангрыгулы Атахаллиев, ҳайати дипломатии аккредитатсияшуда дар Ашқобод, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, инчунин ҳамватанони муқими Туркманистон иштирок карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»