Сафири Тоҷикистон ба идораи рӯзномаи The Times Kuwait ташриф овард


Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Кувайт 6 октябри 2026 ба идораи рӯзномаи англисӣ The Times Kuwait рафт ва бо сармуҳаррири он мулоқот кард.
Душанбе, 7 октябри 2026 /НИАТ «Ховар»/. 6 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ ба идораи рӯзномаи англисизабони The Times Kuwait ташриф овард ва бо сармуҳаррири рӯзнома Тарик Юсуф аш-Шумаймирӣ мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи воситаҳои ахбори омма ва табодули иттилоот баррасӣ шуданд. Ҳамчунин нақши расонаҳо дар инъикоси раванди рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт мавриди назар қарор гирифт.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»