Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Алҷазоир ҳамкориро дар бозомӯзии дипломатҳо тақвият медиҳанд


Дар Алҷазоир сафири Тоҷикистон бо директори генералии Институти дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Алҷазоир мулоқот карда, ҷонибҳо масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони дипломатиро баррасӣ карданд.
Дар шаҳри Алҷазоир Акрами Каримӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир, ки қароргоҳаш дар Риёз аст, бо Фотима Ремилӣ, директори генералии Институти дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Алҷазоир, мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Алҷазоир дар самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони дипломатӣ, инчунин табодули таҷриба дар ин самтро муҳокима карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»