Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» дар Италия қарор дорад, аз Гalleria Borghese дар Рим боздид намуд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» дар Италия Нигористони Боргезе (Galleria Borghese)-ро тамошо намуд.
Нигористони Боргезе яке аз маъруфтарин осорхонаҳои санъати ҷаҳонӣ дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия буда, бо маҷмуаи нодири асарҳои рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ маъруф аст. Меҳмонон бо шоҳкорҳои санъати ҷаҳонӣ ва мероси ғании фарҳангии Италия шинос шуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон