Дар мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо ноиби президенти JICA дар Душанбе густариши ҳамкорӣ барои омода кардани мутахассисони соҳаи саноат баррасӣ шуд.
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисон дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд.
Ин масъала ва дигар мавзӯъҳои марбут ба баланд бардоштани тахассуси кадрҳо, табодули таҷриба ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории дуҷониба дар мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо ноиби президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Танака Хиро дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба имконияти густариши ҳамкорӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат, такмили донишу малакаи касбии онҳо ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Ҷопон дар рушди соҳаи саноати Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Дар анҷом онҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва таҳкими робитаҳои минбаъда изҳор намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон