Дар ҳошияи Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Боку Эмомалӣ Раҳмон бо Илҳом Алиев мулоқот карданд. Ҷонибҳо таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаро баррасӣ карданд.
14 October 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар ҳошияи Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои даъват ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.
Зимни суҳбат масоили таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар, инчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»