Муҳаммадризо Ориф ва Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ, таъсиси иттиҳоди кишварҳои форсизабон ва ташкили кумитаи олии муштараки забон ва адаби форсӣ таъкид карданд.
Муовини якуми раисиҷумҳури Эрон ва президенти Тоҷикистон дар ин дидор бар зарурати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ миёни ду кишвар таъкид карданд.
Дар ин гуфтугӯ, таъсиси иттиҳоди кишварҳо ва минтақаҳои форсизабон, ташкили кумитаи олии муштараки забон ва адаби форсӣ ва эҳёи алифбои ниёгонӣ дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои асосӣ буд.
Ҷонибҳо ҳамчунин рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикӣ, роҳандозии маркази муштараки фанноварӣ, пайвастани Тоҷикистон ба обҳои озоди Халиҷи Форс ва истифода аз зарфияти Созмони ҳамкории Шанхайро аз дигар самтҳои ҳамкорӣ ном бурданд.
Манбаъ: Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»