Муносибатҳои расмӣМанбаи тоҷикӣ
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард


19 октябри 2026 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Назирӣ бо Вазири адлияи Давлати Кувайт Носир Юсуф Ас-Сумайт мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаи густариши ҳамкории ду кишвар дар самтҳои гуногунро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин нақши мақомоти адлия дар пешбурди ин ҳамкорӣ мавриди табодули афкор қарор гирифт. Хабар 20 октябри 2026 аз ҷониби хабаргузории расмии «Ховар» нашр шудааст.
Манбаъ: Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»