Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд


Дар мулоқоти 14 сентябр Хайриддин Усмонзода ва Син Гуанчэн масъалаҳои таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ, ҳамкории дуҷонибаю минтақавӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.
14 сентябр зимни мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо вакили Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, академики Академияи илмҳои иҷтимоии Чин Син Гуанчэн масъалаҳои таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва рушди ҳамкории дуҷонибаю минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Дар вохӯрӣ ба таҷрибаи рушди босуръати Ҷумҳурии Мардумии Чин, раванди модернизатсия ва индустрикунонӣ, инчунин татбиқи ҳадафҳои дарозмуддати рушди ин кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»