Гузоштани санги асоси сохтмони роҳи Ваҳдат – Роғун ва шиносоӣ бо корҳои пул дар ноҳияи Нуробод


24 октябр дар шаҳри Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи роҳи Ваҳдат – Роғун оғоз бахшида, сипас аз сохтмони пул ва роҳҳои пайвасткунанда дар Лоти 3 шоҳроҳи Обигарм–Нуробод боздид карданд.
24 октябр зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун санги асос гузоштанд. Лоиҳа ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳтар шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани бехатарии роҳ ва тақвияти робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ равона шудааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дарозии роҳ 70 километр буда, он аз ду хати ҳаракат дар ду самт иборат мешавад. Паҳноии қисми ҳаракат 10–12 метр ва паҳноии канори роҳ 2.5 метр пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин сохтмони роҳҳои пиёдагард ба дарозии умумии 16 600 метр, насби 1850 аломати роҳ, 1500 метр панҷараҳои муҳофизатии парапетӣ ва дигар корҳои муҳандисиву инфрасохторӣ дар назар аст.
Сипас Пешвои миллат бо рафти корҳои сохтмонии пул ва роҳҳои пайвасткунанда дар доираи Лоти 3 шоҳроҳи Обигарм–Нуробод шинос шуданд. Пули нав, ки аз болои обанбори Неругоҳи Роғун мегузарад, 920 метр дарозӣ ва роҳҳои пайвасткунандаи он 1.5 километрро ташкил медиҳад. Гуфта шуд, ки лоиҳа бо ҷалби зиёда аз 73 техникаву механизми сохтмонӣ ва беш аз 200 мутахассиси ватаниву хориҷӣ амалӣ мешавад ва дар муҳлати якуним сол ба анҷом мерасад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»