Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия Абдулқодир Уралоғу масъалаҳои ҳамкории нақлиётӣ ва логистикиро баррасӣ кард.
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Ҷумҳурии Туркия Абдулқодир Уралоғу мулоқот намуд.
Ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар самти нақлиёт, ҳамлу нақли байналмилалӣ ва логистика баррасӣ карданд. Таъкид шуд, ки таҳкими робитаҳои мустақим ва афзоиши муколама байни сохторҳои соҳавии ҳар ду кишвар муҳим мебошад.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба идомаи ташкили чорабиниҳои муштараки соҳавӣ, фаъолсозии мубодилаи ҳайатҳои корӣ ва табодули пайвастаи иттилоот дар бораи имконияту иқтидори логистикии ду кишвар мувофиқа карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»