Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок кард


Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 дар шаҳри Сиан иштирок намуд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026, ки дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд, иштирок кард.
Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои густариши ҳамкории байнишаҳрӣ дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг, сайёҳӣ ва рушди устувор баррасӣ шуданд.
Дар маросими ҷамъбастӣ ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо ҷоизаи «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China) сарфароз гардид.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»