Оғози маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»


Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз гардид. Ба соҳибони Шоҳҷоиза ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мукофотпулӣ, диплом ва ҷоизаҳо супурда мешаванд.
23.10.2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз гардид.
Тибқи иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар ин рӯз гирандагони Шоҳҷоиза бо 100 ҳазор сомонӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми номинатсияҳо бо 70 ҳазор, 50 ҳазор ва 30 ҳазор сомонӣ, инчунин диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Ноиби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҳангоми ифтитоҳи маросим гуфт, ки дар даври сеюми озмун беш аз 500 довталаб иштирок карда, аз онҳо 143 нафар ғолиби даври ҷамъбастӣ гардид. Ба гуфтаи ӯ, озмун чеҳраҳои нави соҳаи фарҳангро муаррифӣ ва кашф мекунад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»