Ҳайати Тоҷикистон дар Женева гузориши навбатии худро оид ба Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак пешниҳод намуд


Дар Женева, ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири адлия Музаффар Ашуриён гузориши даврии миллии ҷумҳуриро дар ҷаласаи 101 Кумитаи ҳуқуқи кӯдак пешниҳод кард.
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлияи мамлакат Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи 101-уми Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориши навбатии даврии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуд.
Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ба муколамаи созанда ва таҳлили таҳаввулоти мусбат, инчунин ба омодагии Тоҷикистон барои идома додани баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи мазкур баҳои баланд дод.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»