Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид


Дар Екатеринбург Форуми XIII байналмилалии сохтмон ва намоишгоҳи «100+TechnoBuild» баргузор шуд. Низом Мирзозода дар кори он аз Тоҷикистон иштирок намуд.
Мавзуи асосии форум «Хонаи оянда» буд ва дар он масъалаҳои рушди сохтмони муосир, самаранокии энергетикӣ, истифодаи технологияҳои нав ва ташкили муҳити бехатару бароҳат барои зиндагӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа оид ба рушди соҳаи сохтмон баланд бардоштани сифат ва бехатарии сохтмон, татбиқи технологияҳои муосир, истифодаи самараноки захираҳо ва ташкили муҳити бароҳати шаҳрӣ баррасӣ гардид. Ҳамчунин маълумот дар бораи лоиҳаи маҷмааи бузурги бисёрфунксионалии меъморӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳод шуд, ки бунёди 52 иншоот, аз ҷумла 5 манораи баландошёнаро дар бар мегирад. Барои «Бурҷи Душанбе» баландии 340 метр ва 77 ошёна пешбинӣ шудааст.
Иштирокдорон ҳамчунин оид ба густариши ҳамкории касбӣ байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, мубодилаи таҷриба ва технологияҳои муосир дар соҳаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон, масолеҳи сохтмонӣ ва омодасозии кадрҳои касбӣ мубодилаи назар карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»