18.10.2026 — Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар соҳаи энергетика густариш медиҳад. Ин масъала дар мулоқоти Далер Ҷумъа ва Холгер Вифел баррасӣ шуд.
18.10.2026 — Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар соҳаи энергетика густариш медиҳад. Ин масъала дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел баррасӣ гардид.
Тавре аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохториро мавриди баррасӣ қарор дода, аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамчунин ҷалби маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ ва баланд бардоштани самаранокии низоми энергетикии кишвар муҳокима гардид.
Илова бар ин, ба масъалаи бунёди иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ бо ҷалби Бонк таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»