Дар доираи барномаи давлатии 2024-2028 Тоҷикистон то анҷоми барнома вазъи мелиоративии 91 ҳазору 248 гектар заминро беҳтар мекунад. Ховар менависад, ки барои марҳилаи 2027-2028 низ нақшаи амал тасдиқ шудааст.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти 2024 қабул шуда, 29 октябр дар Маҷлиси Ҳукумат нақшаи амал барои солҳои 2027-2028 тасдиқ гардид.
Ҳадафи барнома пешгирӣ аз аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳо, барқарорсозии заҳбуру заҳкашҳо ва таҳкими асосҳои амнияти озуқавории кишвар мебошад. Ба гуфтаи мутахассисон, иҷрои он метавонад ҳосилнокиро 20 то 40 фоиз зиёд карда, вобастагӣ аз воридотро кам созад.
Соли 2024 ба ҷойи 9 ҳазору 812 гектари пешбинишуда ҳолати мелиоративии 10 ҳазору 107 гектар беҳтар карда шуд. Соли 2025 аз 15 ҳазору 632 гектари нақшавӣ 13 ҳазору 132 гектар иҷро гардид. То 1 октябри 2026 низ 9 ҳазору 329 гектар замин беҳтар шуда, дар марҳилаи якум 32 ҳазору 568 гектар аз 43 ҳазору 519 гектари пешбинишуда барқарор шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»