Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Душанбе, 30.10.2026 — Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират 9 ҳазору 52 шаҳрванди Тоҷикистон дар 10 моҳи соли 2026 дар ҳудуди ин давлат бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Ба иттилои «Ховар», дар ҳамин давра 32 миллиону 523 ҳазору 239 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ низ баргардонида шуд. Намояндагӣ мегӯяд, самтҳои афзалиятноки фаъолияташ мусоидат ба бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнат, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Масъулин инчунин бо намояндагони корхонаю ташкилот ва сохторҳои дахлдори Федератсияи Русия вохӯриҳои корӣ анҷом дода, масъалаҳои ҷалби қувваи корӣ, ҷойҳои холии корӣ, мутобиқати тахассуси шаҳрвандон ба талаботи бозори меҳнат, музди муносиб ва пардохти саривақтӣ, инчунин риояи қоидаҳои бехатарии меҳнатро баррасӣ мекунанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»