Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст


Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷет барои солҳои 2028-2029 қабул гардид. Даромади буҷети давлатӣ барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Тибқи иттилои «Ховар», 29 октябр дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2028-2029 қабул гардид.
Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии соли 2027 нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15,1 миллиард сомонӣ ё 23,2 фоиз зиёд мешавад. Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2027 36,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон