Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии «Тамдид»-ро ифтитоҳ карданд


30 October 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро ба истифода доданд.
Ба иттилои «Ховар», корхона бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, афзоиши иқтидори саноатӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва таъсиси ҷойҳои корӣ бунёд шудааст. Таҷҳизоти муосир барои истеҳсол ва васлу насби маҳсулот аз Италия, Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.
Корхона дорои чор хатти худкори истеҳсолӣ буда, иқтидори он дар як баст то 100 маҳсулотро ташкил медиҳад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он 35 ҷойи кори доимӣ таъсис меёбад. Дар марҳилаи дуюми лоиҳа низ коргоҳи коркарди шиша бо иқтидори солонаи 36 ҳазор дона ва 100 ҷойи кории иловагӣ пешбинӣ шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»