Ифтитоҳи корхонаи «Разес Фарма» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ корхонаи «Разес Фарма»-ро дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Сино мавриди истифода қарор доданд. Корхона ҳамчун лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон барои рушди истеҳсоли ватанӣ ва амнияти доруворӣ муаррифӣ шуд.
30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма»-ро дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Синои пойтахт мавриди истифода қарор доданд.
Тибқи иттилоъ, ин ширкати муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон соли 2022 таъсис ёфта, татбиқи лоиҳа дар асоси созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Разес Фарма» моҳи майи 2024 оғоз гардидааст. Дар марҳилаи аввал чор хат ба кор даромада, истеҳсоли 100 номгӯйи доруворӣ ба роҳ монда шуд. Иқтидори солонаи корхона ба 1 миллиарду 400 миллион қурс, 300 миллион ғилофак, 21 миллион воҳиди доруҳои моеъ барои истифодаи берунӣ ва 13 миллион воҳиди малҳам, крем ва гел баробар мебошад.
Гуфта шуд, ки дар оянда номгӯйи маҳсулоти корхона то 250 намуд расонда мешавад. Ҳамчунин марҳилаи дуюми лоиҳа пешбинӣ мекунад, ки дар масоҳати беш аз 10 ҳазор метри мураббаъ коргоҳи нави истеҳсолӣ бо сармоягузории зиёда аз 150 миллион сомонӣ бунёд шуда, 150 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»