Ифтитоҳи корхонаи дару тирезаҳои ҶДММ «Тамдид» дар Душанбе


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
30 October, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро дар Душанбе ифтитоҳ карданд.
Корхона бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, афзоиши иқтидори саноатии кишвар, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва таъсиси ҷойҳои корӣ бунёд шудааст. Таҷҳизоти муосир барои истеҳсол ва васлу насби дару тирезаҳо аз Италия, Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.
Дар корхона чор хатти худкори истеҳсолӣ фаъол буда, иқтидори он дар як баст то 100 маҳсулотро ташкил медиҳад. Дар он дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикӣ, деворҳои шишагии калонҳаҷм, системаҳои фасадӣ, дарҳои даромадгоҳӣ ва дигар маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол мешавад. Бо ба истифода додани корхона 35 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад.
Ҳамчунин, дар марҳилаи дуюми лоиҳа ташкили коргоҳи муосири коркарди шиша пешбинӣ шудааст. Иқтидори солонаи ин марҳила 36 ҳазор дона шиша буда, 100 ҷойи корӣ эҷод мекунад; анҷоми он дар муҳлати якуним сол дар назар аст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»