Муаррифии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» бо хатти форсӣ


Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», ки бо хатти форсӣ нашр шудааст, муаррифӣ гардид.
Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» баргузор шуд. Ин китоб бо хатти форсӣ ва бо транслитератсияи Суҳайло Юсуфӣ нашр шудааст.
Тибқи иттилои «Ховар», нашри китобро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо нашриёти «Ҳирадгон» ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»