Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид


Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён бо нигораҳои нав ва ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ пас аз навсозӣ ифтитоҳ шуд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ бо нигораҳои нав ва ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ ифтитоҳ гардид.
Ин таҷдид ба ифтихори 1050-солагии Робиаи Балхӣ, яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикии тоҷику форс, амалӣ шудааст. Ҳадаф аз навсозӣ ғанӣ гардонидани муҳтавои нигораҳо, муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии давраи Сомониён ва инъикоси саҳми чеҳраҳои барҷастаи илму адаби тоҷик дар рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳон будааст.
Экспозитсияи нав бо истифода аз унсурҳои меъморӣ ва ороишии хоси давраи Сомониён тарҳрезӣ шуда, ба боздидкунандагон имкон медиҳад, ки бо баъзе ҷанбаҳои муҳими мероси моддию маънавии ин давраи таърихӣ аз наздик шинос шаванд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»