28 October 2026 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» муаррифӣ гардид.
Тибқи гузориши «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ин ҷилд рӯйдодҳои таърихиро аз замони таъсиси шоҳаншоҳии Сосониён то ташаккули давлатҳои мустақили тоҷикон — Тоҳириён ва Саффориён дар Хуросони Бузург — фаро мегирад.
Дар таҳияи китоб 289 сарчашмаи таърихӣ, 332 монографияи илмӣ, 283 мақолаи илмӣ ва 132 адабиёт ба забонҳои англисӣ ва олмонӣ истифода шудааст. Иштирокдорон дар чорабинӣ ин асари академиро туҳфаи арзанда дар соли 2026 арзёбӣ карданд, ки ба густариши корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкиму тақвияти худшиносию худогоҳии миллӣ бахшида шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»