Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Таҳқиқи таъриху фарҳанги Кӯшониён дар мисоли ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», 2026-10-30 дар Душанбе ин чорабинӣ бо иштироки олимон ва муҳаққиқон доир шуд. Дар он оид ба паҳлуҳои гуногуни таъриху фарҳанги давлати Кӯшониён, натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ ва аҳаммияти ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон маърӯзаҳои илмӣ шунида шуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои катибаҳои таърихӣ, фарҳанги моддӣ, рушди ҳунармандӣ, оини тадфин, низоми сиёсиву иқтисодӣ ва робитаҳои фарҳангии Кӯшониён бо тамаддунҳои ҳамсоя баррасӣ гардиданд. Ҳадафи асосӣ омӯзиш ва баррасии масъалаҳои муҳими таъриху фарҳанги ин давлат дар асоси маводи бостоншиносӣ ва ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон арзёбӣ шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»