Дар Москва ба хотири гиромидошти Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ баргузор шуд


Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ва ҳамкории Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва бахшида ба 85-солагии Лоиқ Шералӣ конфронси илмию амалӣ доир гардид.
Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва бахшида ба 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ конфронси илмию амалӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ доираи васеи донишмандон, нависандагон, корпуси муқими дипломатии кишвари иқомат, аъзои Шурои ҷамъиятии назди Сафорат ва донишҷӯёни тоҷик иштирок карданд. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз саҳми мондагори шоир дар рушди адабиёту фарҳанги муосири Тоҷикистон ёд карда, ба ҷойгоҳи ӯ дар ҳифзи асолати шеъри миллӣ ишора намуд.
Ҳамчунин дар маҳфил аз фаъолияти Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва ва аз қироати шеърҳои Лоиқ Шералӣ аз ҷониби донишҷӯён ёд шуд. Мақом ва маҳбубияти осори ӯ дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамзабон низ таъкид гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»