ФарҳангМанбаи тоҷикӣ
Дар Москва маҳфили адабӣ ба ифтихори Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ баргузор шуд


Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва бо ҳамкории Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва конфронси илмӣ-амалӣ ба муносибати 85-солагии Лоиқ Шералӣ баргузор гардид.
Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва бо ҳамкории Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва (MGLU) дар Москва конфронси илмӣ-амалӣ ба муносибати 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ баргузор шуд.
Дар ин чорабинии фарҳангӣ доираи васеи олимон ва адибон, намояндагони корпуси дипломатии кишвари иқомат, аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат ва донишҷӯёни тоҷик иштирок карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»