Мулоқот бо муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин


1 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ва ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии худ бо Русия арҷ мегузорад.\n\nНақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар пешбурди раванди ҳамкорӣ муҳим дониста шуд. Ҳамчунин ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ, инчунин ба нақлиёт, логистика, таъсиси корхонаҳои муштарак, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»