Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Душанбе, 2026-09-15, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо сафири Британия масъалаҳои омӯзиш, машқҳои муштарак, таҷҳизоти гурӯҳҳои наҷот ва истифодаи технологияҳои муосирро муҳокима кард.
Дар вохӯрии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҷабалӣ бо сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон масъалаҳои омӯзиш ва такмили ихтисоси наҷотдиҳандагон, омода намудани омӯзгорони миллӣ, баргузории машқҳои муштарак ва таҷҳизонидани гурӯҳҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин таҳия ва ба имзо расонидани санади нави ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро муҳокима карданд. Ба рушди ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ва таҳкими иқтидори воҳидҳои наҷотдиҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла низомҳои иттилоотии ҷуғрофӣ, харитасозии хавфҳо, воситаҳои ҳавопаймоии бесарнишин, мониторинги фосилавӣ ва рушди низомҳои огоҳсозии бармаҳал низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»