Дар пойтахти Қатар, шаҳри Давҳа, маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин - Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар он раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иштирок кард.
Дар пойтахти Қатар, шаҳри Давҳа, маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин - Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи фонд раиси ин кумита Султон Раҳимзода иштирок намуд.
Дар доираи чорабинӣ маросими имзои Ёддошти тафоҳум ва муаррифии рамзии фонд низ баргузор шуда, масъалаҳои марбут ба фаъолияти минбаъдаи фонд ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баррасӣ гардиданд. Фонд ҳамчун механизми нави ҳамкорӣ барои дастгирии лоиҳаҳои рушд ва таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»