Президенти Тоҷикистон гуфт, ки дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад ва истеҳсоли саноатӣ дар 8 моҳи соли 2026 беш аз 18 фоиз афзудааст.
Душанбе, 6 октябри 2026, /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин корхонаҳо дар 8 моҳи соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 беш аз 18 фоиз афзоиш ёфтааст. Инро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр зимни суханронӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб баён карданд.
Сарвари давлат гуфтанд, ки тибқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар, рушди саноат дар Кӯлоб бояд ба омили пешрафти иқтисодӣ, шуғли устувор ва афзоиши даромади аҳолӣ табдил дода шавад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин афзуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 3 миллиарду 900 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Ба иқтисодиёти шаҳр дар маҷмуъ як миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст. Илова бар ин, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, роҳу энергетика ва дигар бахшҳо 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 20 лоиҳаи дигари сармоягузории давлатӣ идома дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»