Табрикоти Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Маҷлиси Олӣ


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва собиқадорони парламенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Маҷлиси Олӣ- Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикот ирсол кард.
Дар паём гуфта мешавад, ки парламентаризм яке аз рукнҳои муҳими давлатдории муосир буда, дар таҳкими низоми сиёсию ҳуқуқии кишвар нақши муҳим дорад. Парламенти Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди намояндагии халқ ва мақоми олии қонунгузор дар ташаккули сиёсати ҳуқуқии давлат ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди устувор саҳм мегузорад.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки фаъолияти қонунгузорӣ бо дарназардошти арзишҳои давлатдории миллӣ, манфиатҳои ҷомеа ва таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ такмил меёбад. Рустами Эмомалӣ дар анҷоми табрикот ба ҳамватанон саломатӣ, хушбахтӣ, комёбиҳои нав ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу суботи пойдор таманно кардааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»