Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд


Дар Академияи дипломатии Вена Симпозиуми байналмилалии об баргузор шуд ва сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Австрия Манучеҳр Ҷобир дар он иштирок кард.
Душанбе, 2026-10-08 / АМИТ «Ховар». Дар Академияи дипломатии Вена Симпозиуми байналмилалии об баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир иштирок намуд.
Ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия ба АМИТ «Ховар», зимни ҷаласаи марбут ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об Манучеҳр Ҷобир ба ҳозирин оид ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла натиҷаҳои Конфронси 4-уми оби Душанбе ва Раванди оби Душанбе, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»