Dushanbe, 2026-09-15. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ филми мустанад оид ба дастовардҳои соҳаи энергетика дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳия гардид.
Dushanbe, 2026-09-15 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ филми мустанад оид ба дастовардҳои соҳаи энергетика дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба навор гирифта шуд. Филмро телевизиони «Синамо» таҳия кардааст ва дар он раванди рушди соҳаи энергетика, иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат барои таъмини истиқлоли энергетикӣ, бунёду навсозии иншооти энергетикӣ ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар филм натиҷаҳои муҳими фаъолияти соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ, татбиқи лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва нақши соҳаи энергетика дар рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар инъикос ёфтаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»