Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
14 октябр дар Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо иштироки Сулаймон Зиёзода масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокии гандуми тирамоҳӣ ва пахта баррасӣ шуд.
14 октябр дар Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон машварати илмӣ-амалӣ минтақавӣ таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионии парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахта дар шароити тағйирёбии иқлим» бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамоиш баррасии роҳҳои муосири баланд бардоштани ҳосилнокии гандуми тирамоҳӣ ва пахта, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи самараноки захираҳои обу замин ва мутобиқ кардани соҳаи кишоварзӣ ба шароити тағйирёбии иқлим буд. Иштирокчиён инчунин истифодаи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, технологияҳои сарфакунандаи об ва такмили усулҳои агротехникиро баррасӣ карданд. Гуфта шуд, ки Институти зироаткорӣ ба таҳкими ҳамкории илм бо истеҳсолот таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Хоҷагидорон метавонанд дар асоси шартнома тухмии хушсифат дастрас намуда, бо дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи олимони институт шинос шаванд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»