Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея


Дар Сеул ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея (KOTRA) имзо шуд. Санад дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея ба имзо расид.
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея (KOTRA) ба имзо расонида шуд. Маросим имрӯз дар шаҳри Сеул, пойтахти Ҷумҳурии Корея, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар баргузор гардид.
Ҳадафи санад барқарор намудани муносибатҳои шарикӣ ва рушди ҳамкории дарозмуддат, самаранок ва мутақобили судманд байни тарафҳо гуфта шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»