«Намакдони миллат кафи дасти ӯст!» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯнамоӣ шуд


Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби Давлат Сафар таҳти унвони «Намакдони миллат кафи дасти ӯст!» муаррифӣ гардид. Он ба 35-солагии истиқлол ва нақши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.
Рӯзи 2026-10-02 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар таҳти унвони «Намакдони миллат кафи дасти ӯст!» баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли илму адаб, муҳаққиқон, рӯзноманигорон, зиёиён ва дӯстдорони каломи бадеъ иштирок карданд.
Китоб бо дастгирии Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расида, ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки ин маҷмуа ба кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми ӯ дар давлатдории муосири тоҷикон бахшида мешавад.
Ҳамчунин зикр шуд, ки ин аввалин аз се китобест, ки Давлат Сафар барои нашр пешниҳод кардааст. Ду китоби дигар «Достони худшиносӣ» ва «Достони Душанбе» мебошанд.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»